Муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия бо кор таъмин мешаванд
Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Субъекти хоҷагидори ҶС «Иттиҳодияи автовокзалҳо» дар ҳамкорӣ бо Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар давоми ду ҳафтаи моҳи август 7 гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатиро ба Федератсияи Русия сафарбар намуд.
Бино ба иттилои масъулини субъекти хоҷагидор, 164 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ, ки асосан сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мебошанд, ба Русия фиристода шуданд. Муҳлати муҳоҷирати меҳнатии онҳо 1 сол пешбинӣ шудааст.
Шаҳрҳои қабулкунандаи муҳоҷирон асосан Новосибирск, Екатеринбург, Красноярск, Тюмен, Нефтюганск ва Сургут мебошанд.
Инчунин 11 августи соли равон ҶДММ «Мирзо ва К» боз 48 нафар сокинони ноҳияи Спитаменро дар Федератсияи Русия бо ҷои кор таъмин кард.
Чуноне ки сардори гурӯҳ Муродҷон Рустамов иттилоъ дод, ин муҳоҷирони меҳнатӣ асосан дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд ва муҳлати амали шартномаи бастаашон 11 моҳ мебошад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






