Мубориза бо зуҳуроти номатлуби ҷомеа бояд пурзӯр гардад
Конибодом, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ҳар як фарди солимфикри шаҳр бояд ба хотири ҳифз ва гиромидошти дастовардҳои даврони Истиқлолияти кишвар, ки имсол 25-солагии он таҷлил мегардад, доир ба масъалаҳои пешгирии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ки ба муқобили шукуфоӣ ва пешравиҳои инсоният нигаронида шудааст, муборизаи беамон бурда, дар ташаккули андеша, фарҳанг ва давлати миллӣ саҳми муносиб гузорад»,- зикр намуд раиси шаҳри Конибодом Ғайбулло Боҳирӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр.
Сардори шуъбаи шаҳрии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасан Азизов, муовини сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Иброҳим Раҷабов ва муфаттиши калони прокурори шаҳр Сафархон Кабирзода оид ба сабабҳои гаравиши аҳолӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Зикр шуд, ки муноқишаҳое ки дар кишварҳои Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳо ба амал меоянд, нишон медиҳанд, ки имрӯз терроризм ва экстремизм ба хатарҳои дараҷаи аввали ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд. Имрӯзҳо баъзе сокинони шаҳри Конибодом низ, бахусус ҷавонони гумроҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ шуда, ба амнияти халқу миллат халал ворид месозанд.
Прокурори шаҳри Конибодом Набиҷон Набиев зимни суханронӣ вусъат бахшидани мубориза ва роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботии идеологиро барои фош намудани ҳадафҳои фоҷиабори гурӯҳҳои тундрав яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи масъулон тазаккур дод. Пурзӯр намудани муборизаи беамон бо ифротгароён ва пайравони онҳо, гирифтани пеши роҳи онҳо, беҳтар кардани сатҳи тарбияи насли наврас, зери назорати қатъӣ гирифтани фаъолияти имомхатибон ва масҷидҳо, рафтору гуфтори ҷавонон бори дигар таъкид карда шуда, бо ин мақсад дар назди масъулини сохторҳои марбутаи шаҳр вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






