Мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷират Т. Каримзода бо раиси ҷамъияти «Ҳамватан» — и вилояти Иркутск М. Маликшоев

Август 15, 2016 15:29

Душанбе, 15.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Масъалаи пурзӯр намудани корҳои иттилотию фаҳмондадиҳӣ дар байни шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар ба кишвари Русия ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии шаҳрвандон оид ба қонунгузориҳои нави Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ зимни мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо раиси ҷамъияти миллӣ — фарҳангии тоҷикон бо номи «Ҳамватан» — и вилояти Иркутск Муриват Маликшоев мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тоҳир Каримзода аз таваҷҷуҳ ва ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ёдовар шуда, доир ба проблемаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, риояи урфу одат, расму ойин, анъана ва суннатҳо, донистани қонуну қоидаҳои будубоши кишвари қабулкунанда, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар Федератсияи Русия, ба вижа вилояти Иркутск таъкид намуд.
Зикр  шуд, ки баъд аз баргузории  мулоқотҳо бо ахолии кишвар дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо сатҳи огоҳии шаҳрвандон — муҳоҷирони меҳнатии тоҷик боло рафта, мақомоти дахлдори Федератсияи Русия низ ин матлабро борҳо иброз доштаанд.
Инчунин ҷонибҳо ба масъалаи  дурнамои ҳамкории Хадамоти муҳоҷират бо ҷамъиятҳо ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва саҳми онҳо дар рушди иқтисодиёти мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир карданд.
Сипас, раиси ҷамъияти миллӣ — фарҳангии тоҷикон бо номи «Ҳамватан»-и вилояти Иркутск Муриват Маликшоев аз Муассисаи давлатии «Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳри Душанбе дидан намуд.

Август 15, 2016 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе