Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Директори минтақавии Бонки исломии рушд
Душанбе, 26.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Ҳишам Маъруф мулоқот кард.
Дар мулоқот аз сатҳи ҳамкории дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд ва рафти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои роҳу нақлиёт изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Тавре таъкид шуд, Бонки исломии рушд дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бахшҳои иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, имрӯз шумораи зиёди ин лоиҳаҳо дар марҳилаҳои ниҳоии иҷро қарор доранд.
Ҷонибҳо ба таври муфассал доир ба тақвияти корҳои иҷрои лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Шамсиддини Шоҳин-Шкев-Зиғар табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст






