Муъминобод: Дар рӯзҳои ҷашни 25- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон варзишгоҳи марказӣ ба истифода дода мешавад

Август 20, 2016 11:57

Муъминобод, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Муъминобод чун  дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат сокинон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд ва кормандони ташкилоту идораҳо, ҳокимияти давлатӣ ва сокинон ба ҳашар баромада, дар ободу зебо намудани атрофи корхона, роҳраву гулгашт ва кӯчаю маҳаллаҳо саҳм мегузоранд. Дар хиёбони марказии ноҳия навсозии беш аз 700 метр роҳ идома дошта, аввалин маротиба  дар маркази ноҳия чароғакҳои муосири рақамӣ насб карда  шуданд. Нарм кардани бехи дарахтон, тоза кардани ҷӯйборҳо ва кашидани хатти оби нӯшокӣ дар ҳамаи кӯчаҳо ҷараён дорад.
Давоми 7 моҳи соли равон як қатор иншоот, аз ҷумла хатти оби нӯшокӣ ва иншооти маданию хизматрасонӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. То ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани чанд иншооти бузург низ дар назар аст.
Тавре корманди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муминобод Олимҷон Табаров иброз дошт, яке аз иншооте, ки дар ҷашни 25- солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба истифода дода мешавад-   ин варзишгоҳи марказии ноҳия мебошад.
Сохтмони мазкур бо фармоиш ва маблағгузории Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зиёда аз 7 ҳазор ҷои нишаст пешбинӣ шудааст.

Август 20, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад