Мунтахаби наврасони Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ бар Эрон ба даври ниҳоии Ҷоми Президенти Қазоқистон роҳ ёфт!

Август 11, 2016 17:59

Душанбе, 11.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Президенти Қазоқистон мунтахаби наврасони Эронро бо ҳисоби 2:1 шикаст дода, дар гурӯҳи «В» ҷойи аввалро ишғол кард ва ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Иттилоъ дода мешавад, ки дар ҳайати мунтахаби наврасони кишвар Ҳувайдо Малиев, Шаҳром Самиев ва дар ҳайати мунтахаби наврасони Эрон Муҳаммад Шарифӣ (аз зарбаи 11-метр) голҳоро ба ҳадаф расонданд.

Дар сабқати дигари гурӯҳи «В» наврасони Озарбойҷон дастаи мунтахаби Русия-2-ро бо ҳисоби бузурги 12:1 шикаст доданд.

Чанде пеш футболбозони тоҷик бо ҳисоби бузурги 6:0 Русия-2-ро шикаст дода, дидорро бо наврасони Озарбойҷон мусовӣ – 2:2 анҷом дода буданд.

Ҳамин тариқ, бо гирифтани 7 хол дастпарварони Зайниддин Раҳимов ба даври ниҳоии Ҷоми Президенти Қазоқистон роҳ ёфтанд. Ҷойи дуюмро дар гурӯҳи «В» мунтахаби наврасони Эрон ишғол кард.

Рақиби мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар бозии ниҳоии мусобиқаи байналмилалӣ дар Шимкент бегоҳии имрӯз, пас аз ба анҷом расидани сабқати гурӯҳи «А» миёни дастаҳои мунтахаби Қазоқистон ва Албания муайян мегардад.

Ёдовар мешавем, ки маблағи ҷоизавии Ҷоми Президенти Қазоқистон 15 ҳазор доллари ИМА аст. Ба ғолиби мусобиқа ба ғайр аз ҷом, ҳамчунин маблағ дар ҳаҷми 7 ҳазор доллари ИМА тақдим карда мешавад. Дастаи мақоми дуюмро ишғолкарда бо 5 ҳазор ва дастаи ҷойи сеюм бо 3 ҳазор доллари ИМА мукофотонида мешаванд.

Тақвими бозиҳои Ҷоми Президенти Қазоқистон:

 Гурӯҳи «В»

Даври 1-ум

Русия-2 – ТОҶИКИСТОН – 0:6

Эрон – Озарбойҷон – 3:0

Даври 2-юм

ТОҶИКИСТОН – Озарбойҷон – 2:2

Русия-2 – Эрон – 0:10

 Даври 3-юм

ТОҶИКИСТОН – Эрон – 2:1

Русия-2 – Озарбойҷон – 1:12

 

Б П М Б Т/Г Х
1 ТОҶИКИСТОН 3 2 1 0 10-3 7
2 Эрон 3 2 0 1 11-2 6
3 Озарбойҷон 3 1 1 1 14-6 4
4 Русия-2 3 0 0 3 1-28 0

 

Гурӯҳи «А»

 Даври 1-ум

Албания – «Крузейро» (Қазоқистон) – 0:0

Қазоқистон – Қирғизистон – 2:1

Даври 2-юм

Албания – Қирғизистон – 1:0

Қазоқситон – «Крузейро» (Қазоқистон) – 4:0

Даври 3-юм

16:30 – «Крузейро» (Қазоқистон) – Қирғизистон

16:30 – Қазоқситон – Албания

 

Б П М Б Т/Г Х
1 Қазоқистон 2 2 0 0 6-1 6
2 Албания 2 1 1 0 1-0 4
3 «Крузейро» 2 0 1 1 0-4 1
4 Қирғизистон 2 0 0 2 1-3 0

 

12 август (ҷумъа)

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 7-8

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 5-6

9:00 – Бозӣ барои ҷойҳои 3-4

16:30 – Бозии ниҳоӣ (финал)

Эзоҳ: соати оғози бозиҳо бо вақти Душанбе

 

Август 11, 2016 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад