Муроҷиати шаҳрвандон нисбат ба мақомоти судӣ афзудааст

Август 4, 2016 14:42

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 680 адад ё қариби 30 % афзудааст»,- мегӯяд Зариф Ализода, Ваколатдор оид  ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тамоюли афзоиши  муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баланд гардидани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон рабт дода мешавад.
Муроҷиатҳои аз сӯи шаҳрвандон дар ин давра ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид гардида, беш аз 2200 ададро ташкил дода, аз он 1882 тоаш ба таври шифоҳӣ ва 457 ададаш  хаттӣ  ба қайд  гирифта шудааст.
Бештари муроҷиати шаҳрвандон ба масъалаҳои  манзил, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқи инсон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъминоти иҷтимоӣ иртибот доранд.
Дар муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии шаҳрвандон, ки ба  мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ворид гардидаанд,  нисбат ба қарор ё амали мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  шикоят карда мешаванд. Аз ҷумла,  нисбат ба мақомоти судӣ 40 муроҷиат, прокуратура  2 адад,  мақомоти корҳои дохилӣ 15 адад, нисбат ба мақомоти амнияти миллӣ 4 адад, ҳуқуқ ба муҳокимаи одилонаи судӣ 19 муроҷиат, ҳуқуқ ба муроҷиат 21 адад,  ҳуқуқ ба манзил 27 адад  ва дар  масъалаи таъминоти иҷтимоӣ 14 муроҷиат рост меояд. Бархе аз ин муроҷиатҳои шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти марбута қонеъ гардонида шудааст.

Август 4, 2016 14:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад