Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ ва дзюдо бахшида ба 25-солагии Истиқлолият
Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-7 август дар Осоишгоҳи «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба вазнбардорӣ ва дзюдо байни варзишгарони имконияташон маҳдуд баргузор гардид.
Тавре мудири бахши таҳлилу иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Зубайдулло Маҳмадуллоев ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ин мусобиқа зиёда аз 80 нафар маъюбон аз дастаҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Мусобиқаи мазкур дар доираи нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои соли 2016 доир шуд.
Варзишгарон тӯли ду рӯз барои ба даст овардани ҷойҳои ифтихорӣ байни худ рақобат намуданд, ки дар натиҷа дар ҳайати даставӣ варзишгарони дастаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойи аввал, дастаи варзишгарони шаҳри Душанбе -2 ҷойи дуюм ва дастаи варзишгарони вилояти Суғд ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.
Дар фарҷом аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба ғолибон медал ва дипломҳо тақдим карда шуданд.












Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






