Мутахассисон то охири ҳафта дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд

Август 17, 2016 15:01

Душанбе, 17.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ менамоянд.
Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз агентии  мазкур хабар доданд, аз 18 то 22 август  дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, дар ноҳияҳои кӯҳии ин минтақа эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмудат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 40 дараҷа хоҳад расид.
ЖаркоДар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 16-21, рӯзона 29-34; дар шарқи вилоят шабона 6-11,  рӯзона 17-24 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво  шабона 15-20, рӯзона 34- 39 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 15-20, рӯзона то 34-39 дараҷа гарм мешавад.

Август 17, 2016 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст