Нахустин гурӯҳи кории мавсими «Ҳаҷ-2016» ба Макка ва Мадина расид
Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. 17-уми августи соли равон як гурӯҳи 14-нафараи корӣ бо роҳбарии сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи оид ба корҳои дини назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуғаффор Юсуфов озими Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара шуданд. Ҳадафи сафари гурӯҳи мазкур, ки кормандони масъули Кумита, табибон, ошпазон ва чанде роҳбаладон ба он шомиланд, иҷрои корҳои омодагӣ вобаста ба истиқбол ва ҷобаҷогузории ҳоҷиёни Тоҷикистон мебошад.
Дар айни замон меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Маккаи мукаррама ва Мадинаи мунаввара барои қабули ҳоҷиён омода гардидаанд ва дар назар аст, ки шуруъ аз 21-уми август гурӯҳҳои нахустини ҳоҷиёни Тоҷикистон аз самтҳои Душанбе ва Хуҷанд ба Мадинаи мунаввара сафарбар гарданд.
24-уми август сафарбарнамоии ҳоҷиёни Тоҷикистон ба Маккаи мукаррама оғоз меёбад.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






