Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар бораи «Истиқлолият ва дастовардхои он» сухан гуфт

Август 4, 2016 16:54

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар толори «Ошёни булбулон»-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили адабии «Дар суҳбати адиб» бо иштироки Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад зери унвони «Истиқлолият ва дастовардҳои он» баргузор гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Сайфиддин Назарзода дар бораи фаъолият ва эҷодиёти Абдулҳамид Самад маълумот дода, хизматҳои нависандаро дар адабиёти муосири тоҷик муҳим арзёбӣ намуд.
Сипас, меҳмони маҳфил Абдулҳамид Самад дар мавзӯи «Истиқлолият ва дастовардҳои он суханронӣ намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро як пораи биҳишти рӯи замин ва созандагию шукуфоияшро аз баракати сулҳу Вахдат маънидод намуд.
Мавриди зикр аст, ки ин чорабинии маърифатӣ ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Август 4, 2016 16:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад