Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ: «Беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар аст!»

Август 8, 2016 15:37

Душанбе, 05.08.2016 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ таҳти шиори «Шири модар — калиди рушди устувор» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари намояндагони Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Поканевич ва  муовини роҳбари намояндагии доимии Хазинаи кӯдакони Созмони милали муттаҳид дар Тоҷикистон Марҷон Монтаземӣ  иштирок намуданд.
Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни суханронии худ иброз дошт, ки шири модар бартариятҳои зиёде дорад.  Кӯдаки ғизои сунъӣ истеъмолкунанда назар ба кӯдаке, ки шири модар истеъмол менамояд 15 маротиба бештар хатари ба бемориҳои сироятӣ гирифтор шуданро дорад.
Ба гуфти Наврӯз Ҷаъфаров, беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар буда, ҷои онро чизе иваз карда наметавонад. Ширҳои сунъӣ дорои миқдори зиёди намакҳои натрий, калтсий ва фосфор ва ба организми кӯдак  бенафъ мебошанд.
Ҳамчунин муовини вазири тандурустӣ илова намуд, ки барои таъмини кӯдак бо маводҳои гуногуни ғизоӣ аз рӯзи таваллуд то 6 моҳагӣ 56 қуттӣ ғизои сунъӣ лозим аст ва дар ҳолати 70 сомонӣ нарх доштани ҳар як қуттии ғизои сунъӣ он дар 6 моҳ 3920 сомониро ташкил медиҳад, ки ин ба буҷаи оила зарари зиёд ворид мекунад.  Аз ин лиҳоз, беҳтарин ғизо барои кӯдак шири модар  аст ва то синни 2 -солагӣ истемоли он ҳатмӣ мебошад.
Ҳамасола аз 1 то 7 август дар зиёда аз 170 кишвари ҷаҳон ҳафтаи дастгирии синамаконӣ барои беҳтар намудани саломатии кӯдакон гузаронида мешавад.
Шурӯъ аз соли 2001 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳафтаи дастгирии маконидани шири модар ҳамчун Даҳа аз 1 то 10 август ба роҳ монда шудааст.

Август 8, 2016 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад