Ноҳияи Темурмалик дар арафаи таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ соҳиби Қасри фарҳанг мегардад
Душанбе, 02.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик Қасри фарҳанг бунёд мегардад.
Бино Қасри фарҳанг аз ду ошёна иборат буда, сохтмони он аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст.
Ба иттилои масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, то ин муддат дар ноҳияи Темурмалик Қасри фарҳанг, Хонаи маданият ва театр мавҷуд набуд.
Ҳоло қисми асосии корҳои сохтмонӣ ба охир расида, корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии гирду атроф, ороиш ва рангубори саҳни бино, насби 400 курсӣ дар толор, ҷиҳозонидани саҳна ва утоқҳои корӣ ҷараён доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






