Оғози ҷамъоварии пахта дар хоҷагиҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 30.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз миёни шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд аввалин шуда, аъзои Ҷамъияти саҳҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҷамъоварии пахта оғоз намуданд.
Дар Ҷамъияти саҳомии ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхӯҷаев соли равон дар масоҳати 1041 гектар пахта кишт шудааст. Ба бригадаи иҷоравии рақами 38-и ҷамъият 60 нафар чинакчиён ҷалб гардида, ҳосилнокӣ мувофиқи пешбинӣ аз як гектар аз 30 то 40 сентнериро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соли равон аз ҳисоби зиёд кардани масоҳати кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ҳаҷми истеҳсоли пахта мутобиқ ба пешбинӣ нисбат ба соли қаблӣ 3 ҳазор тонна зиёд хоҳад буд. Майдони умумии кишти имсолаи пахта дар ноҳия 5720 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия соли 2015 10 ҳазору 150 тонна пахта истеҳсол намуданд.
Мувофиқи пешбинӣ аз ҳисоби зиёд будани майдони кишт ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ, имсол ҳаҷми истеҳсоли пахта дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 13 ҳазор тонна расонида мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






