Оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба З.Ш.Баронбеков барои итоат накардан ба кормандони БДА
Душанбе.23.08.2016/АМИТ «Ховар»/ З.Ш. Баронбеков, сокини шаҳри Хоруғ ҳангоми ҳаракат дар кӯчаҳои шаҳр бо мошини сиёҳшиша ба талаби қонунии кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ оид ба боздоштани воситаи нақлиёт итоат накарда, бо қисми пеши мошин нозири роҳ, сержанти калони милитсия Х. М.Мамадзиёевро, ки дар ҳолати иҷрои уҳдадории хидматӣ қарор дошт, тела дода, ҳаракаташро идома додааст. Номбурда тахминан пас аз 10-15 дақиқа ба ҷои ҳодиса баргашта, нозирони роҳ Д. Ҳ., Давлатмамадов ва Э. С. Лайлиевро, ки онҳо низ ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хидматӣ қарор доштанд, бо корд захмдор намудааст.
Тавре аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, нисбат ба З.Ш. Баронбеков аз ҷониби прокурори шаҳри Хоруғ бо моддаҳои 328, қисми 2 (истифодаи зӯроварӣ ба муқобили намояндаи ҳокимият) ва 330 қисми 1 (таҳқири намояндаи ҳокимият) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда дастгир шудааст.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба З.Ш. Боронбеков бо анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардида, дар арафаи баррасӣ қарор дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






