Оё хоҳиши иштирок дар Фестивали байналмиллалии рассомии давлатҳои аъзои СҲШ-ро доред? Пас, шитобед!
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 27-29 сентябри соли равон дар шаҳри Ханджоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин Фестивали байналмиллалии рассомии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай «Роҳи Абрешимро тасвир мекунем — ҳиссиёти бародаронаро мустаҳкам менамоем!» ва Форуми шашуми байналмиллалии «Кӯли Сихуро тасвир мекунем» баргузор мегарданд.
Рассомоне, ки хоҳиши иштирок дар фестивалро доранд, метавонанд то 25 августи соли равон ҳуҷҷатҳои заруриро ба нишонии электронии хhghys8@hotmail.com равон намоянд.
Маълумоти муфассал дар бораи шартҳои иштирок дар фестивалро метавонед аз нишонии зерин дастрас намоед.
http://www.vfarhang.tj/file_upload/1608051646571%20шос.doc
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳури Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






