Паҳлавони эронӣ дар Рио-2016 чемпиони олимпӣ гардид

Август 22, 2016 10:38

Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар мусобиқаи финалии гӯштини тарзи озод дар вазни 74 килограмм ду варзишгар- Анвар Гедуев аз Федератсияи Русия ва Ҳасан Яздонӣ аз кишвари Эрон бо ҳам рақобат намуданд.
Дар ин бора  ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи  миллии олимпии  Тоҷикистон  хабар доданд.
Дар ин рақобат варзишгари эронӣ тавонист варзишгари Федератсияи Русияро шикаст дода, унвони чемпиони олимпиро дар Рио-де-Жанейро ба даст оварад. Хотиррасон менамоем, ки ин рақобат бо ҳисоби 6:6 ба анҷом расида, ба хотири дар охири рақобат фаъолтар будани варзишгари эронӣ пирӯзӣ насиби ӯ гардид.
Ҳамин тариқ, медали нуқраи гӯштини тарзи озод дар вазни 74 килограм насиби Анвар Гедуев аз Русия шуд.
Медалҳои биринҷии ин вазнро Ҷабраил Ҳасанов, варзишгар аз кишвари Озарбойҷон ва Сонер Демирташ, намояндаи кишвари Туркия ба даст оварданд.
Ёдовар мешавем, ки ин сеюмин медали тиллои олимпии кишвари Эрон дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро- 2016 мебошад.

Август 22, 2016 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст