Пагоҳ боз як иншооти таърихӣ- роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб ба истифода дода мешавад!

Август 23, 2016 11:57

Душанбе, 23.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ  дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар таърихи роҳи оҳани Тоҷикистон боз як рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба вуқӯъ мепайвандад. 24 август роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб  мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанберо бо  минтақаи ҷануби кишвар хоҳад пайваст.
Усмон Қаландаров-муовини  раиси Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ «Роҳи оҳани Тоҷикистон» дар суҳбат ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» гуфт, ки   дар сохтмони қитъаи  роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб дар зарфи шаш моҳи соли равон ба маблағи беш аз 61 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ  ба анҷом расонида шуданд. Дар сохтмони ин иншооти бузурги дорои аҳамияти стратегӣ 13 ширкати роҳсозӣ ҷалб гардида, пудратчии асосии он ширкати «Роҳсоз»-и КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» мебошад. Инчунин барои сохтмони 5 пул ва се нақб дар қитъаи роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа- Кӯлоб, ки  40,7 км-ро ташкил медиҳад, беш аз 71 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст. Ба истифода додани қитъаи  роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлоб аҳамияти бузурги иқтисодӣ дошта, дар рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар, хусусан рафту омади мусофирон, интиқоли молу маҳсулот,   коҳиш додани нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои Душанбе, масолеҳи сохтмонӣ дар бозорҳои ҷануби  кишвар нақши муассир мегузорад.
Сохтмони қитъаи роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа- Кӯлоб туҳфаи арзанда ба ҷашни бузурги миллӣ — 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, он дар татбиқи яке аз се ҳадафи  стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон- раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ қадами муассирест.
Бояд тазаккур дод, ки  алҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои 977 км роҳи оҳан буда, тибқи маълумоти расмӣ дар зарфи 25 соли  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 208 км роҳи оҳани нав  ба истифода дода шудааст, ки тӯлонитарини он роҳи оҳани Қурғонтеппа- Кӯлоб бо дарозии 132 км ба шумор меравад.

Август 23, 2016 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад