Пагоҳ дар ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ боридани борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад

Август 8, 2016 17:09

Душанбе, 08.08.16. /АМИТ «Ховар»/.  Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон пагоҳ дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқро пешгӯӣ менамоянд.

Тавре  ба АМИТ «Ховар» аз агентии  мазкур хабар доданд, 9 август, дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то 42 дараҷа хоҳад расид.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд эҳтимоли боридани борони кӯтоҳмудат ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво ба 40 дараҷа хоҳад расид.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Ҳарорат дар ғарб шабона 16-21, рӯзона 30-35; дар шарқ шабона 6-11,  рӯзона 17-22 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар аст. Ҳаво  шабона 18-20, рӯзона 38- 40 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ — ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  шабона 16-21, рӯзона то 33-38 дараҷа гарм мешавад.

Август 8, 2016 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад