Пагоҳ Парлумони Тоҷикистон Қонуни авфро баррасӣ менамояд
Душанбе, 23.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки пагоҳ вакилони Парлумони Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро баррасӣ намоянд.
Масъалаи мазкур имрӯз дар ҷаласаи палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Аъзои Шӯро ҳамзамон Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи супоридани маҳкумшудагон, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Кувайт оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният, инчунин дар бораи пас гардонидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»-ро баррасӣ намуданд. Бархе аз масъалаҳои баррасишуда барои муҳокима ва қабул ба иҷлосияи якуми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон ва як қисмаш ба кумитаҳои палатаи поёнии Парлумони мамлакат пешниҳод карда шуданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






