Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузург дорад»
Душанбе, 30.08.2016./АМИТ «Ховар»/. «Забони русӣ барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Дар Конститутсияи кишвар ба он мақоми забони муоширати байни миллатҳо дода шудааст. Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, дар сатҳи қонунгузорӣ Барномаи давлатии такмили таълими забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русиро тасдиқ кардааст. Дар меъёрҳои давлатии таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ба забони русӣ мақоми фанни ҳатмӣ дода шудааст ва онро дар тамоми макотиби таҳсилоти умумии кишвар, шурӯъ аз синфи дуюм меомӯзанд. Дар бисту ҳафт макотиб, аз ҷумла мактаби назди Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва инчунин дар беш аз як саду сӣ синфҳои назди муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар таҳсил пурра ба забони русӣ ба роҳ монда шудааст»,- зикр намуд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тақвияти ин гуфтаҳояш ҳамчунин иброз дошт, ки: «Дар даҳ донишгоҳи Тоҷикистон факултаҳои филологияи рус ҳастанд, дар аксари муассисаҳои томактабӣ раванди таълим ба забони русӣ ҷараён дорад.
Соли гузашта Ҳукумати мамлакат Барномаи нави шашсоларо барои омӯзиш ва таълими забони русӣ қабул кард».








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






