Пешвои миллат: «Ният дорем, ки Тоҷикистонро ба мамлакати саноативу кишоварзии содироткунандаи маҳсулот табдил диҳем»
Душанбе, 31.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Бо вуҷуди тӯл кашидани марҳалаи ташаккули соҳаи саноати мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дастовардҳо дар ин самт хеле назаррасанд ва мо ният дорем, ки бо назардошти имкониятҳои мавҷуда Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу кишоварзии содироткунандаи маҳсулот табдил диҳем», -гуфтанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз зимни суханронии хеш дар маросими ифтитоҳи Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии «Ҷунтай-Данғара Син-Силу текстил» дар ноҳияи Данғара.
Ба иттилои Сарвари давлат, ҳоло дар кишварамон садҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ бунёд карда шудаанд, ки саҳми онҳо дар истеҳсоли маҳсулоти саноатии хушсифат торафт афзуда истодааст.
Тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ пешбинӣ гардидааст, ки соли равон дар кишвар 161 коргоҳу корхонаи истеҳсолии дорои беш аз 6 ҳазор ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода шавад.
Танҳо дар нимсолаи аввали соли равон дар мамлакат 114 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 3600 ҷойи корӣ оид ба коркарди маъдан, масолеҳи сохтмон ва саноати сабук ба истифода дода шуданд, ки дар баробари тақвияти иқтидори содиротии кишвар, ба коҳиш додани нархи маҳсулот ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ мусоидат кардаанд.
«Дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара танҳо соли гузашта 6 корхонаи хурди истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба зиёда аз 400 миллион сомонӣ расидааст»,- афзуданд Пешвои миллат ва ҳамчунин илова намуданд, ки «Минтақаи озоди иқтисодӣ дар ноҳия имкониятҳои васеи сармоягузориву соҳибкориро доро мебошад».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






