Пешвои миллат: «Русия шарики муҳими иқтисодии мост»
Душанбе, 30.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳамгироии Тоҷикистону Русия бисёрҷониба аст ва амалан тамоми соҳаҳои калидии ҳамкориро-аз сиёсату иқтисодиёт, тиҷорату сармоягузорӣ, маориф, илм ва фарҳанг то мудофиа ва амният фаро мегирад. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии Донишгоҳи (славянии) Русияву Тоҷикистон таъкид намуд.
Барои чунин ҳамкорӣ заминаи қарордодию ҳуқуқии устувор таҳия шудааст ва механизмҳои самаранок ташаккул ёфтаанд.
Ҷонибҳо дар тамоми созмонҳои байналмилаливу минтақавие, ки аъзояшон ҳастанд, ҳамкории зич доранд.
«Миёни давлатҳои мо, аз ҷумла дар сатҳи олӣ, муколамаи мунтазами сиёсие, ки маҷмӯи масъалаҳои муносиботи Тоҷикистону Русияро дар мадди таваҷҷуҳи доимӣ қарор медиҳад, ба роҳ монда шудааст ва ҷараён дорад»,-илова намуд Пешвои миллат.
Ҳамкории наздики ду кишвар дар соҳаи мудофиа ва амният дар маҷмӯъ омили муҳими нигоҳдории суботи минтақа мебошад.
«Русия шарики муҳими иқтисодии мост ва дар низоми робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон яке аз мавқеъҳои пешсафро ишғол мекунад.
Дар давраи сипаригашта кишварҳои мо дар ин соҳа таҷрибаи ғании ҳамкорӣ ҳосил кардаанд»,-зикр намуд Сарвари кишвар.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






