Президенти кишвар Э.Раҳмон: «Ман ба неруву хирад ва ақлу заковати мардуми фарҳангсолори тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони саодатманди Ватан ҳамеша бовар дорам»
Душанбе, 26.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Дар хотир дошта бошед, ки маҳз аз надоштани дониши кофӣ ва огоҳии комил аз арзишу манфиатҳои миллӣ, инчунин бо сабаби дарк карда натавонистани воқеиятҳои ҷаҳони муосир ҷавонони мо ба осонӣ туъмаи муборизаҳои мафкуравии доираҳои ғаразнок шуда истодаанд»,- зикр намуд имрӯз дар маросими ифтитоҳи мактаби навбунёд дар деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки мувофиқи таҳлилҳо қариб 80 фоизи гумроҳшудагон, яъне онҳоеро, ки аз кишвари мо ба созмонҳои экстремистиву террористӣ пайвастаанд, ҷавонони аз 18 то 25 — сола ташкил медиҳанд. Ҳарчанд ки қисми зиёди онҳо дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд, вале донишу саводи кофӣ надоранд.
Илму дониш воқеан пешвои амал буда, фарди соҳибилму бомаърифат шахси саодатманд аст, зеро инсон танҳо бо азхудкунии илму дониш дилашро аз ҷаҳолат озод менамояд ва ба мартабаву мақоми баланд мерасад.
«Ман ба неруву хирад ва ақлу заковати мардуми фарҳангсолори тоҷик, бахусус ҷавонону наврасони саодатманди Ватан ҳамеша бовар дорам ва итминон дорам, ки фарзандони мо ба қадри ғамхориву заҳматҳои Ҳукумати мамлакат, роҳнамоии падару модар ва тарбияи неки омӯзгорони худ мерасанд ва кишвари сулҳпарвару соҳибтамаддуни худро дар арсаи ҷаҳон бо дастоварду муваффақиятҳои нав муаррифӣ мекунанд»,-зикр намуд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






