Президенти Тоҷикистон: «Дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад»

Август 9, 2016 11:01

Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Бо имзои чанде аз созишномаҳои муҳим кишварҳои минтақа тавонистанд фаъолияти барои ҳамаи ҷонибҳо мақбули  маҷмӯи соҳаи обтаъминкуниро дар шароити мураккаби гузариш ба иқтисоди бозаргонӣ таъмин намоянд», — таъкид намуд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳадафи шашуми рушди устувор – “Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки дар минтақа ҳанӯз майдони фарохи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи  захираҳои об ва энергетика бо дарназардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа вуҷуд дорад. Пурра ба кор андохтани ин иқтидорҳо метавонад омили муассири ба хатсайри рушди устувор баровардани кишварҳои шомили  минтақа шавад.

«Бо ҷонибдорӣ аз истифодаи одилона ва оқилонаи  онҳо мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи муассири расидан ба ин ҳадафи нек медонем.  Зимнан, Тоҷикистон омода аст, ки дар ин ҷода бо ҳамаи кишварҳои дуру наздики манфиатдор ҳамкориҳои мутақобилан судмандро дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ  ба роҳ монда, густариш диҳад», — тазаккур дод Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.

 

Август 9, 2016 11:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад