Прокуратураи генералӣ: 68 тонна маҳсулоти хӯроквории кӯдаконаи пастсифат аз фурӯш боздошта шуд

Август 4, 2016 16:59

Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Пешгирии воридшавии  молу маҳсулоти пастсифат, хусусан маводи хӯрока, ки  аз ҷониби баъзе тоҷирон ба Тоҷикистон оварда мешавад ва барои саломатии  инсон хатарнок аст, яке аз масъалаи муҳим ба шумор меравад. Прокуратураи генералӣ дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида, ҳолатҳои зиёди ба фурӯш баровардани маҳсулоти барои саломатӣ зарароварро ошкор ва пешгирӣ намуд».
Ин нуқтаро имрӯз дар нишасти матбуотӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон иброз дошт ва илова намуд, ки дар нимаи аввали соли равон  дар яке аз мағозаҳои хӯрокворӣ 68 тонна маҳсулоти хӯроквории кӯдаконаи пастсифат ба маблағи 500 ҳазор сомонӣ ва 0,5 тонна гӯшти чорвои муҳлати истеъмолаш гузашта ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ дарёфт ва аз фурӯш боздошта шуд.
Ҳамчунин дар ин самт 140 санади эътиноии прокурорӣ татбиқ карда шуда, 850 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 133 парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.

Август 4, 2016 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд