Прокуратураи генералӣ зиёда аз 1000 гектар майдони ғайриқонунӣ ғасбшударо ошкор кард

Август 6, 2016 09:06

Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Назорати риояи қатъии қонунгузорӣ вобаста ба самаранок ва оқилона  истифода бурдани замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура буда, доимо дар ин самт санҷишҳо гузаронида мешаванд»,- гуфт Юсуф Раҳмон прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон  зимни нишасти хабарӣ.
Ба иттилои Юсуф Раҳмон, дар моҳи июли соли равон аз ҷониби кормандони мақомоти прокуратура дар ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 1000 га майдони ғайриқонунӣ ғасбшуда ошкор карда шуд. Хариду фурӯши ғайриқонунии замин аз ҷониби шахсони гунаҳгор ба маблағи зиёда аз 900 ҳазор доллар муайян гардида, 5 нафар ба ҳабс гирифта шуд.
Дар якчанд шаҳру ноҳияҳои дигар санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, қонуншиканиҳо ошкор ва чораҳои қатъии прокурорӣ андешида шуданд. Дар шашмоҳаи аввали соли равон вобаста ба риояи қонунгузории замин 1309 санади   эътиноӣ бароварда шуда, 2172 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва моддӣ кашида шуд. 556 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 7269 га замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Август 6, 2016 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад