Рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
Душанбе, 24.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Бо сабаби ворид гаштани ҷараёни гармӣ аз ҷануб мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаворо пешгӯӣ менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз агентии мазкур хабар доданд, аз 24 то 28 август дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои соф дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво то ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо ба 40 дараҷа хоҳад расид.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат дар ғарб шабона 11-16, рӯзона 28-33; дар шарқ шабона 2-7, рӯзона 14-19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво шабона 14-19, рӯзона 38- 40 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво шабона 14-190, рӯзона то 38-40 дараҷа гарм мешавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






