Рӯзноманигороне, ки меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд
Душанбе, 01.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Интизор меравад, ки дар оянда намояндагони васоити ахбори омма, ки дар таҳияи мақолаву маводҳояшон меъёри забони тоҷикиро риоя намекунанд, ҷарима мешаванд»,-мегӯяд Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф зикр кард, ки дар баъзе мавридҳо рӯзноманигорон дар таҳияи мақолаву барномаҳо вожаҳои ноошноро истифода менамоянд, ки барои хонанда ва шунаванда фаҳмо нест.
Дар ин росто, Гавҳар Шарофзода таъкид кард, ки дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар вохӯрии мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарият ва кормандони шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ доир гардида, дар он масъалаҳои марбут ба татбиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», фасоҳати забони давлатӣ, риояи талаботи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва корбурди дурусти истилоҳоти соҳавӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамзамон дар ин вохӯриҳо камбудиҳои рӯзноманигорон, ровиён ва барандагони барномаҳои телевизионию радиоӣ оид ба гуфтори ғалат, риоя нагардидани савтиёти овоии тоҷикӣ, истифодаи калимаҳои ғалат дар забони радиову телевизион, инчунин навиштаҷоти ғайримеъёрӣ дар матни эълону рекламаҳо ва сатрҳои равони телевизионӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Гавҳар Шарофзода таъкид кард, ки баргузории чунин вохӯриҳо дар оянда бо кормандони дигар васоити ахбори омма, аз ҷумла АМИТ «Ховар» дар назар аст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад






