РБДА ВКД: «Аз 19 август то 8 сентябр ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар марказ маҳдуд мешавад»

Август 19, 2016 16:43

Душанбе, 19.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати шаҳрвандон мерасонад, ки бинобар сабаби  омодагиҳо ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тайёрӣ ба гузашти низомӣ аз 19 август то 8 сентябри соли равон ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз соати 18:00 то 22:00 дар хиёбони Рӯдакӣ, аз буриши кӯчаи И. Сомонӣ-хиёбони Рӯдакӣ то чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-кӯчаи Айнӣ, дар кӯчаи Шероз аз сероҳаи кӯчаҳои М. Турсунзода-Бухоро то чорроҳаи кӯчаҳои Бухоро-Шевченко, инчунин дар кӯчаҳои Ф. Ниёзӣ, Ш. Шотемур, Ш. Руставели ва Теҳрони пойтахт маҳдуд карда мешавад.
Ба ин хотир, аз тамоми ронандаҳои воситаҳои нақлиёт хоҳиш карда мешавад, ки реҷаи зикргардидаро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафат истифода баранд.
Дар ин бора аз РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Август 19, 2016 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад