Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дилшод Назаровро табрик намуд
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон академик Муҳаммадюсуф Имомзода варзишгари шинохтаи тоҷик Дилшод Назаровро барои дар давраи ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ба даст овардани ғолибият табрик намуд.
Муҳаммадюсуф Имомзода, аз ҷумла гуфт: «Боиси ифтихор аст, ки дар арафаи ҷашни биступанҷсолагии Истиқлолияти давлатӣ Парчами тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейрои Бразилия партавафшон гашт ва ин ба талошҳои варзишгари шинохта Дилшод Назаров тавъам аст.
Донишгоҳи миллӣ бо шумули тамоми устодону донишҷўён, аспирантону докторантон ин пирӯзиро ба Дилшод Назаров ва ба ҳама шаҳрвандони кишвар табрик намуда, барояш дар зиндагиву варзиш тани сиҳат ва комёбиҳои нав таманно доранд.
Бигзор Парчами тоҷик ҳамеша партавафшону оламгир бошад!».








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






