Роҳи оҳани Душанбе — Қурғонтеппа-Кӯлоб: давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор мешавад
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Арзиши лоиҳавии роҳи оҳани Душанбе- Қурғонтеппа-Кӯлоб зиёда 165 млн сомониро дар бар мегирад. Дар ин шоҳроҳ 3 адад нақб бо дарозии умумии 3643 метр бунёд гардида, дарозтарин нақби он 2 ҳазору 209 метрро ташкил медиҳад, ки дар шароити кӯҳистони минтақа бунёди он маҳорати баланди касбӣ ва донишу таҷрибаи мутахассисонро талаб мекард. Ҳамзамон дар ин лоиҳа 8 адад кӯпрук бо дарозии умумии 683,2 метр бунёд гардид.
Мутобиқи нишондоди мутахассисон, самаранокии солонаи иқтисодии роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа 46 млн. сомониро дар бар мегирад ва ин тадбир имкон медиҳад, ки дар давоми 10 сол тамоми хароҷоти барои бунёди он масрафшуда барқарор карда шавад.








Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад






