Рўзи кормандони соҳаи ангишт муборак!
Душанбе, 27.08.2016. /АМИТ “Ховар”/. Пагоҳ, 28 август Рӯзи ангиштканон аст. Ҳамасола якшанбеи охири моҳи август Иди касбии “Рўзи кормандони соҳаи ангишт” ҷашн гирифта мешавад.
Тайи солҳои охир соҳаи саноати ангишт барои баромадани кишвар аз буҳрони энергетикӣ, дар самти бо ангишт таъмин намудани аҳолӣ, ташкилоту муассисаҳо ва беш аз 200 корхонаҳои саноатии аз истифодаи гази табиӣ ба ангишт гузаронидашуда кори зиёдеро ба анҷом расонданд. Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои соҳа дар як муҳлати нисбатан кўтоҳ истихроҷи ангиштро аз 17 ҳазор ба беш аз 1 млн. тонна расонда, ба рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ ва аз ҳама муҳим ба кам кардани вобастагии Тоҷикистон аз маводи сўхт (гази табиӣ)-и воридотӣ мусоидат намуданд. Айни замон соҳаи ангишт бо дигар соҳаҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ алоқамандии зич дошта, дар рушди иқтисодиёти миллӣ нақши муҳим дорад.
Соли равон низ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони соҳа тамоили афзун намудани истеҳсолро идома бахшида, мақсад доранд талаботи тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишварро бо ангишт таъмин намоянд. Аз аввали сол то имрўз корхонаҳои соҳа истихроҷи ангиштро ба зиёда аз 770 ҳазор тонна расониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 254 ҳазор тонна зиёд аст.
Ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамарўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳнати фидокоронаву шабонарўзии кормандони соҳа ба даст омадааст.
Аз фурсат истифода бурда, роҳбарияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи кормандони соҳаи ангиштро бо Иди касбӣ табрику муборакбод гуфта ба онҳо саломатӣ, барори кор, хушии рўзгор, саодату иқболи нек ва дар амалӣ гардидани мақсаду мароме, ки баҳри ободӣ, рушду нумўи кишвари азизамон доранд, комёбиҳои беназирро орзу менамояд.
АМИТ “Ховар” тамоми кормандони соҳаи саноати ангиштро бо иди касбиашон табрик менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






