«SaferWorld» («Дунёи бехатар») дар Душанбе барои кормандони милитсия давраи омӯзишӣ доир кард
Душанбе, 31.08.2016./АМИТ «Ховар»/. 30 август дар меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе дар доираи Барномаи ислоҳоти милитсия бо дастгирии ташкилоти байналмилалии «SaferWorld» (Дунёи бехатар) барои аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва кормандони милитсия давраи омӯзишӣ доир шуд.
Ҳадафи давраи омӯзишӣ ба аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ омӯзонидани усули тартибдиҳии харита, афзалиятдиҳии мушкилот, таҳлили вазъ дар ҷомеа тибқи усули «Дарахти мушкилот» мебошад.
Дар навбати худ аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ пас аз гузаштани давраи омӯзишӣ ба минтақаҳои вобасташуда баргашта, бо қишрҳои гуногуни аҳолӣ ва намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ вомехӯранд.
Ҳамчунин дар якҷоягӣ бо онҳо нақшаи ҳалли мушкилӣ ва фаъолияти аъзои Шӯрои ҷамъиятиро таҳия ва тартиб медиҳанд.
Дар асоси пурсиши аҳолӣ дар яке аз минтақаҳои ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа таъсис дода шудааст ва дар заминаи он гурӯҳи ҳамкорӣ бо милитсия аз ҳисоби намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа ташкил карда мешавад.
Омӯзгорони оянда бо аъзои ин гурӯҳ чунин давраҳои омӯзиширо доир намуда, дар ҳалли мушкилоти мардум, пешгирии ҷинояткорӣ, ҳолатҳои зӯроварӣ дар оила ва дигар корҳои дорои хусусияти тарғиботӣ кумаки худро мерасонанд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






