Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ҳайати сармоягузории ин кишвар Сауд ибни Холид Ал-Файсал мулоқот намуд
Душанбе, 12.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 11 августи соли ҷорӣ Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Раиси ҳайати сармоягузории ин кишвар, Ҳамраиси комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ шоҳзода Сауд ибни Холид Ал-Файсал мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушди ҳамкории ду кишвар ва омодагӣ ба баргузорсозии ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба татбиқи натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, ки январи соли равон ҷараён гирифта буд, зоҳир гардид.








24 НОЯБР — РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Он яке аз рамзҳои асосию муқаддаси давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад
Аз 1 январи соли 2027 тартиби содагардонидаи гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти таксӣ амалӣ мегардад
Дар Душанбе таҳти унвони «Парчам – роҳнамои ояндаи босаодат» ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид






