Сафорати ИМА ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон таҷҳизоти алоқа ва воситаҳои нақлиёт тақдим намуд

Август 18, 2016 15:50

Душанбе, 18.08.16. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Сафорати ИМА ба Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзиши 12 млн. доллари амрикоӣ таҷҳизоти алоқа ва воситаҳои нақлиёт ҳадя намуд.
Дар маросими супоридани таҷҳизоти мазкур Фармондеҳи қӯшунхои сарҳадии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард  иштирок намуданд.  Таҷҳизоти коммуникатсионӣ бо арзиши 9 миллион доллар ва мошинҳои «J8 Jeep Wranglers» бо арзиши 3 млн. доллар аз ҷониби Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тақдим гардиданд.  Воситаҳои техникии мазкур аз ҷониби Барномаи мубориза бо маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА (CENTCOM) маблағгузорӣ шуда, аз дастгирии пайвастаи Иёлоти Муттахидаи Амрико ҷиҳати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон дарак медиҳад.
Тавре зикр гардид, аз ҷумла аз ҷониби СЕНТКОМ ба қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон радиостансияҳои «Моторола» бо нармафзори шабакавии TURBO, ки метавонад ҳаракати кормандонро аз як ҷой ба ҷойи дигар бо истифодаи GPS пайгирӣ намояд, радиостансияҳои намуди «RF-7800W» бо технологияи «Ethernet» ва таъмини алоқа дар масофаҳои беш аз 160 км ва дигар таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва нармафзор бо 50 адад мошини тамғаи «J8 Jeep Wranglers» тақдим гардид.
Воситаҳои нақлиёт ва таҷҳизоти коммуникатсионии мазкур барои таҳкими зарфияти қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар самти ошкор, мусодира ва пешгирӣ намудани воридшавии маводи мухаддир тавассути сарҳади Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Сафир Миллард иброз дошт, ки тақдими таҷҳизоти коммуникатсионӣ ва воситаҳои нақлиёт аз дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ИМА дар амри решакан намудани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир гувоҳӣ медиҳад. Сафири ИМА ба сарҳадбонон барои кӯшишу талошҳои мунтазамашон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва изҳори омодагӣ дар ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико арзи сипос намуд.
Аз соли 2006 то инҷониб дар чорчӯбаи барномаи СЕНТКОМ оид ба мубориза бо маводи мухаддир барои бунёд ва мукаммал гардонидани кувваҳои худтаъминкунанда, самарабахшии мубориза алайҳи маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон беш аз 151 миллион доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст.

Август 18, 2016 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад