Сарвазири мамлакат бо ҳолати корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 шинос шуд

Август 13, 2016 13:37

Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳолати корҳои омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар  Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ва инфрасохтори зарурии он шинос шуд.

Зимни шиносоӣ  Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш нахуст аз маҳалли бунёди нуқтаи бузурги тақсимоти гармӣ дидан кард. Тавре иттилоъ дода шуд, корҳои сохтмони маркази тақсимоти гармии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 аллакай шуруъ гардида, аз ин баъд ба таври шабонарўзӣ идома меёбад. Таҷҳизоти зарурӣ барои бунёди маркази тақсимоти гармӣ дархост шуда, қарор аст, то даҳаи дуввуми моҳи август ба ҷумҳурӣ ворид карда шавад. Сипас, Сарвазири мамлакат аз мавзеи сохтмони анбори нигоҳдории ангишт барои фаъолияти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, ки аз ҷониби Ҷамъияти масъулияти маҳдуди «Нуроб» бунёд мешавад, боздид ба амал оварда, бо рафти корҳои сохтмонии он аз наздик шинос шуд. Мувофиқи иттилои мавҷуда корҳои сохтмони анбор барои нигоҳдории беш аз 120 ҳазор тонна ангишт дар ин ҷо ба андозаи 55 фисад анҷом дода шудааст.

Сохтмони марҳилаи дуюми Маркази  барқу  гармидиҳии Душанбе-2 низ дар айни замон бо суръати баланд идома дошта, дастандаркорони он ният доранд, ки мувофиқи нақша ва дар муҳлатҳои таъиншуда ин иншооти ҳаётан муҳимро мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Хотиррасон бояд кард, ки лоиҳаи сохтмони  марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мГВ дар асоси Созишномаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати  Ҷумҳурии Мардумии Чин амалӣ мегардад.

Дар анҷоми шиносоӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ситоди сайёри корӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва масъулони ташкилоту иттиҳодияҳои сохтмонӣ барои иҷрои босифат ва саривақтии корҳои нақшавии сохтмонӣ, насбу васли таҷҳизоти дастрасшуда, фароҳамсозии шароити мувофиқ барои захираи ангиштсанг, таҳкими корҳои бунёди хаттҳои интиқоли гармӣ ва нуқтаҳои гармидиҳанда ва вусъати корҳои фаҳмондадиҳӣ дар миёни аҳолии пойтахт вобаста ба  омодагӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ  барои  пайваст намудани  биною  иншооти маъмурию  истиқоматӣ  ба  шабакаҳои мутамаркази  гармидиҳии шаҳри Душанбе  вазифадор карда шуданд.

Тибқи нақша, то оғози давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар пойтахти мамлакат 1285 иншооти таъиноти гуногун ва манзилҳои истиқоматӣ ба хаттҳои интиқоли гармӣ пайваст карда мешаванд. Корҳои вобаста ба таъминоти пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе  бо гармӣ айни замон дар иншооти Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1  ва Душанбе-2, инчунин дегхонаҳои Ғарбӣ ва Шарқӣ бо маром идома дорад. Қарор аст, ки тамоми иқтидорҳои вобаста ба таъминоти гармӣ  дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017» то якуми октябри соли равон барои фаъолияти муназзам омода карда шаванд.

 

Август 13, 2016 13:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд
Дар Суди конститутсионии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия маҷлиси тантанавӣ доир гардид
Дар Агентии ҳифзи меъроси таърихию фарҳангӣ 31-солагии Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
КОНСТИТУТСИЯ — ИНЪИКОСКУНАНДАИ СУННАТҲОИ ПУРҒАНОВАТИ ХАЛҚИ ТОҶИК. Андешаҳои ҳуқуқшинос Исмоил Абдуалимзода оид ба ҷанбаҳои таърихии ин санад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар ноҳияи Данғара ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ дар ҳошияи иштироки Президенти Тоҷикистон дар Саммити СММ ҳамоиши илмӣ баргузор шуд