Шашумин варзишгари тоҷик дар Рио-2016 медал ба даст оварда натавонист
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз варзишгарбонуи тоҷик Кристина Пронженко, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар сабқати интихобии варзиши сабук оид ба давидан ба масофаи 200 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ охирин шуд ва аз ҳаққи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Ин мусобиқоти интихобӣ оид ба варзиши сабук дар Варзишгоҳи олимпии Рио-де-Жанейро барпо гардид. Кристина Пронженко дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр дар гурӯҳи 9-ум таҳти рақами 1239 дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 25,53 сония дар мақоми охирин қарор гирифт. Дар ин гурӯҳ Офонайм Одионг аз Баҳрайн бо натиҷаи 22,74 сония ғолиб шуд.
Умуман, дар сабқати интихобӣ дар давидан ба масофаи 200 метр ҳамагӣ 72 даванда ширкат дошт. Натиҷаи нишондодаи Кристина танҳо аз се нафари онҳо- Наҷима Павин (Покистон, 26,11), Ҳассан Маргрет (Судони Ҷанубӣ, 26,99) ва Абдул Раҳим Маизираҳ (Бруней, 28,02) беҳтар аст.
Ҳамин тариқ, Кристина Пронженко дар ҷойи 69-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ ва идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт. Дар мусобиқоти интихобӣ Марие-Ҷосӣ Талоу аз Кот-д’Ивуар бо натиҷаи 22,31 сония ҷойи аввалро гирифт. Ду варзишгари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико — Деаҷаҳ Стивенс бо натиҷаи 22,45 сония дуюм ва Тори Бовие бо натиҷаи 22,47 сония сеюм шуданд.
Ёдовар мешавем, ки рекорди ҷаҳонӣ ва олимпӣ дар давидан ба масофаи 200 метр миёни занон 21,34 сония мебошад, ки ба варзишгари ИМА Ҷойнер Гриффит марбут аст. Ӯ ин ду рекордро 29 сентябри соли 1988 дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ гузоштааст.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






