Ширкати «Beeline»: «Ба муштариёни вилояти Суғд ва Хатлон ҳамчун ҷуброн бонусҳо дода мешаванд»
Душанбе, 25.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати тиҷоратии «Beeline» сабаби халал ворид шудан ба кори шабакаро дар вилояти Суғд ва Хатлон шарҳ дода, иброз дошт, ки дар натиҷаи кандашавии ноқили нурию нахӣ муштариёни «Beeline» аз 20 то 23 августи соли равон дар вилояти Суғд ва Хатлон дар дастрасӣ ба интернет ва алоқаи овозӣ ба душвориҳо дучор шуданд. Баъд аз корҳои барқароркунӣ аз ҷониби мутахассисони ширкат сервисҳо, аз ҷумла алоқаи овозӣ, SMS ва интернети мобилӣ дар реҷаи бастӣ 23 август ба фаъолият шурӯъ кард.
Ба иттилои Маҳмудҷон Нодиров, директори техникии «Beeline» барои халал ворид нашудан дар ин самт корҳо идома дошта, ба муштариёни ширкат дар вилоятҳои мазкур ҳамчун ҷуброн бонусҳо дар шакли занг, СМС ва интернет дода мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






