СММ нақши бориз ва талошу заҳматҳои Тоҷикистон ва роҳбарияти онро дар пешбурди масоили об баланд қадрдонӣ менамояд

Август 8, 2016 15:30

Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олӣ оид ба масъалаҳои кишварҳои камтараққӣ, кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ ва ҷазиракишварҳои хурди тараққикунанда Гян Ачария баъди мулоқот бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз дар Қасри Миллат доир гардид, дар назди хабарнигорон  андешаҳояшро чунин баён намуд: «Ман дар оғози мулоқот паёму дуруди самимӣ ва гарми Дабири кулли СММ   инчунин таманниёти ӯро барои баргузор кардани Симпозиуми сатҳи баланд дар мавзӯи «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муҳтарам Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон расонидам.

СММ ва роҳбарияти он нақши бориз ва талошу заҳматҳои хастанопазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти онро дар пешбурди ташаббус ва ибтикороти мухталиф вобаста ба масоили обиро дар миқёси ҷаҳонӣ баланд қадрдонӣ намуда, ба узвияти панели сатҳи баланд доир ба масоили обӣ пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрику муборакбод гуфтем. Панели сатҳи баланд доир ба пешбурди  масоили обӣ бо ибтикори Дабири кулли СММ Пан Ги Мун ва президенти гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ Ҷим Ён Ким таъсис дода шудааст».

Гян Ачария ба хабарнигорон изҳор намуд, ки зимни мулоқот  Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳ ва тамоюли ҳамкории фарогири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ-ро дар сатҳи баланд арзёбӣ намуданд. Зимни суҳбати дуҷониба доираи васеи масоили марбут ба ҳамкории густурдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ ро мавриди муҳокима қарор дода, перомуни мавзӯи дарёфти васила ва имконоти боз ҳам бештар инкишоф ва густариш додани ҳамкории минбаъдаи ҳарду ҷонибро мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

«Зимни мулоқоти баргузоргардида, мо перомуни дарёфти воситаҳо барои татбиқи амалии муваффақонаи рӯзномаи обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, минтақа ва  сатҳи ҷаҳонӣ суҳбатҳои судманд анҷом додем. Дар партави ин, масоили вобаста ба «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» мавриди муҳокимаи тарафайн қарор гирифт. Дар баргузории ин мусоҳиба мо зарурати таъмини пуштибонӣ ва мусоидати ҷомеаи ҷаҳониро барои татбиқи амалии он ҳадафҳое, ки дар санади  ҳадафҳои    рушди устувор инъикос гардидаанд, алалхусус барои он кишварҳое, ки шомиланд ба кишварҳои маҳсур дар хушкӣ ва ё кишварҳои осебпазир аз таъсири  манфии буҳронҳо онҳоро мавриди муҳокима қарор додем», — илова намуд Гян Ачария.

Дар фарҷом  Гян Ачария барои ташкил ва ба таври муваффақона  баргузор намудани ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба масоили вобаста ба об, меҳмоннавозӣ ва пазироии ҷониби Тоҷикистон ва барои талошу заҳматҳои боризи роҳбарияти ин кишвар изҳори ташаккур намуд.

Август 8, 2016 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони ҳамоиш дар Душанбе ҷойгоҳи Айнӣ дар ташаккули мафкураи миллиро баррасӣ намуданд
РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бахшида ба он дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Дар Душанбе дар мавзуи «Маърифати ҳуқуқӣ-омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ» конфронси байналмилалӣ доир шуд
Мафкураи солим ва дониши мукаммал омили муҳими рушди устувор ва амнияти ҷомеа мебошад
27-28 апрел дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ пешгӯӣ мешавад
Бар асари обхезӣ дар Танзания 155 нафар ба ҳалокат расид
Дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон вобаста ба мубориза бар зидди ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсози мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор шуд
Дар фестивали Олмон зиёда аз 720 ҳолати сироятёбӣ ошкор гардид
Гурӯҳи кории Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар Бартанг бо вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ шинос шуд
Фазои Либия ва Юнони ҷанубӣ бар асари ғубори биёбони Сахара ранги норанҷӣ гирифтааст
Мақомоти Чин барои минтақаҳое, ки аз селу обхезӣ зарар дидаанд, беш аз 15 миллион доллар ҷудо намуданд