Соҳибкорони ҷамоати деҳоти Техарв дар пешрафти соҳаи маориф саҳм мегузоранд
Ванҷ, 30.08. 2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи дурдасти Чихохи ҷамоати деҳоти Техарви ноҳияи Ванҷ бо ибтикори соҳибкорони маҳаллӣ ду синфхонаи иловагӣ ва толори дорои 60 ҷои нишаст ба истифода дода шуд. Яке аз ин синфхонаҳо бо 8 компютер ва принтер муҷаҳҳаз гардонида шуд. Ҳамчунин саҳни таълимгоҳ ҳамвор ва гирди он панҷара кашида шуд.
Дар ифтитоҳи синфхонаҳо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, омӯзгорону хонандагон ва волидони онҳо ширкат варзиданд. Собиқадори соҳаи маориф Садриддин Асоев, ки 40 соли ҳаёти худро сарфи таълиму тарбияи фарзандони сокинони ҳамин деҳа кардааст, гуфт, ки ҳукумати кишвар ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи беандоза дорад. Соли равон боз таҳкурсии се бинои таълимгоҳи ҳозиразамон дар ҳудуди ноҳия гузошта шуд. Яке аз ин биноҳо, ки аз се ошёна иборат аст, бештар аз 600 хонандаро ба оғӯши худ хоҳад гирифт. Пешвои миллат соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ арзёбӣ кард ва ҳамасола мушоҳида мекунем, ки дар ин ё он гӯшаи ватанамон биноҳои хуштарҳу зебо қомат рост мекунанд. Ба гуфтаи ин омӯзгори собиқадор, ояндаи кишвар дар дасти насли наврас аст. Ҳар қадар инҳо аз илму дониш ва ҳунар баҳра баранд, ҳамон қадар хизматашон дар роҳи ободии ватан муассиртар хоҳад буд.
Баъди ифтитоҳи синфхонаҳо дар саҳни мактаб ҳамоиши идона баргузор гардид, ки дар он заҳмати омӯзгорону собиқадорони соҳаи маориф, соҳибкорону бинокорон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуд.








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






