Соҳибкорони тоҷику афғон масъалаҳои тавсеаи ҳамкориро баррасӣ менамоянд
Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон дар доираи баргузории мизи мудаввар, ки таҳти унвони «Имкониятҳои тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Афғонистон» ҳафтаи оянда дар Душанбе доир мегардад, баррасӣ мешавад.
Интизор меравад, ки дар ин чорабинӣ доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон, намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон ширкат намуда, масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвари ҳамҷавор ва аз байн бурдани баъзе мушкилоте, ки дар рушди равобити иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Афғонистон монеа эҷод мекунанд, баррасӣ мегарданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






