Сохтмони ҳафт корхонаи калони саноатӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон босуръат идома дорад
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Cоли равон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 корхонаи бузурги саноатӣ сохта, ба истифода дода мешаванд. Қодири Қосим, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд: «Ин корхонаҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон бо ҷалби сармоягузории хориҷӣ бо маблағи умумии 688 миллион доллари амрикоӣ бунёд мегарданд».
Корхонаи коркарди масолеҳи нафтӣ дар минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба маблағи 80 миллион доллари амрикоӣ, васеъкуниии Фабрикаи маъдантозакунӣ дар ноҳияи Мастчоҳ бо иқтидори коркарди 1 миллион тонна маъдан дар як сол ба мабалағи 20 миллион доллар аз ҳамин қабиланд.
Инчунин сохтмони Корхонаи сементбарорӣ ва Коргоҳи истеҳсоли халта бо арзиши 130 миллион доллар, Корхонаи истеҳсолии коркарди фториди алюминий ва криолит ба маблағи 88 миллион доллар дар Ёвон ва бунёди Корхонаи металлургӣ дар шаҳри Ҳисор ба мабалағи 21 миллион доллари амрикоӣ босуръат идома дошта, мавриди истифода қарор додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо иқтидори 300 мегаВатт ба маблағи 348,8 миллион доллар дар назар аст.
Интизор меравад, ки бархе аз ин корхонаҳои саноатӣ дар арафаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
АЗ ДИРАФШИ КОВИЁНӢ ТО ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ. Мулоҳизаҳо доир ба оини парчамдории тоҷикон дар масири таърих
Дар Ваҳдат Фестивали намоиш – фурӯши чорвои зотӣ баргузор гардид
Дар Душанбе ҳамоиши ҷавонони соҳаи геология баргузор гардид
МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид






