Суғд: Муҳайё Юсупова ғолиби озмуни вилоятии «Адрасбофи беҳтарин» гардид

Август 6, 2016 09:02

Суғд, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кохи Рӯдакии маркази вилояти Суғд озмун-мусобиқаи вилоятии «Адрасбофи беҳтарин»  ҷамъбаст шуд ва ғолибон бо мукофотҳо сарфароз гардиданд.
Дар маросими супоридани Шоҳҷоиза ва мукофотҳо ба ғолибон раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ иштирок намуд.
Озмун ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарғиби фарҳанги либоси миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, истеҳсоли матои атлас ва адрас, дарёфти беҳтарин ҳунармандони ҳунарҳои дастии адрасбофӣ, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон гузаронида шуд.
Дар озмун, ки се рўз идома ёфт, 40 нафар ғолибони даври аввал барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ мубориза бурданд. Тибқи хулосаи ҳакамон Муҳайё Юсупова  бонуи ҳунарманд аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳиби Шоҳҷоиза ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 ҳазор сомонӣ гардид.
Аз рӯи шарти «Бофандаи моҳир» ҷои аввалро Мамлакат Хоҷаева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,  ҷойҳои минбаъдаро Мунира Охунова аз шаҳри Исфара ва Хайринисо Маҳкамова аз ноҳияи Деваштич соҳиб шуданд.
Дар бахши «Сифати беҳтарин» мақоми аввал насиби Саломат Азизова аз ноҳияи Мастчоҳ гардид. Наргис Умматқулова аз ноҳияи Спитамен ва Наргис Ҷумъаева аз шаҳри Истаравшан мақомҳои баъдиро ишғол намуданд.
Дар бахши «Нақши беҳтарин» Назокат Ҳоҷиева аз шаҳри Хуҷанд ғолиб омад. Соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм Барно Шехсаидова ва Каромат Турсунова, бонувони ҳунарманд аз Зафарободу Панҷакент шуданд.

Август 6, 2016 09:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд