Тафоҳумномаи ҳамкорӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила қабул гардид
Кӯлоб, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зуроварӣ дар оила дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.
Дар ҷаласа намояндагони шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, Дафтари САҲА дар Тоҷикистон, аъзои гурӯҳи корӣ ва дигар масъулини соҳа ширкат варзиданд.
Аъзои гурӯҳи корӣ Тафоҳумномаи ҳамкориро дар самти пешгирии зуроварӣ дар оила қабул карда, азму талоши хешро дар пешгирии табъиз нисбат ба зан изҳор доштанд.
Дар ҷаласа инчунин нақшаи фаъолияти гурӯҳи корӣ барои соли 2016 бори дигар баррасӣ гардида, қабул карда шуд. Дар баробари ин, мушкилоти пешгирии зӯроварӣ дар оила, роҳ надодан ба кирдорҳои ношоиста ва рафторҳои бадахлоқона дар оила ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон дар ҳалли масоили оилавӣ масъалаҳои асосии рӯзномаи маҷлис буданд.








Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад






