Татбиқи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар «Тоҷикстандарт»

Август 3, 2016 16:28

Душанбе, 03.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади  пешгирии ҷиноятҳои коррупсионӣ, паст намудани шиддати коррупсия, аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда, иҷрои саривақтӣ ва босифати  Нақшаи чорабиниҳои Агентии «Тоҷикстандарт» оид ба татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва ҳамзамон тибқи Нақшаи  чорабиниҳои Сарраёсати пешгирии коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2016, санаи 03.08.2016 сол бо иштироки намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии «Тоҷикстандарт» вохӯрӣ доир гардид.

Дар вохӯрии  мазкур  кормандони дастгоҳи марказӣ ва директорони марказҳои зертобеи Агентии «Тоҷикстандарт» иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба пешгирии коррупсия мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Тибқи талаботи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо дастрасии банди 1 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» дар Агентии «Тоҷикстандарт»  фармоиши директор  аз 10.12.2015 сол, №231 ф/а «Дар бораи  ҷорӣ намудани назорати дохилӣ дар Агентии «Тоҷикстандарт» ва мақомотҳои зертобеи он»  ба имзо расонида шудааст.

Дар  асоси фармоиши мазкур  аз тарафи шахсони масъули ҳайати комиссия бо мақсади баррасии ҳолатҳои коррупсионӣ вобаста ба воқеаҳои кишвар, ҷиноятҳои содиршуда  ва пешбурди фаъолияти соҳа дар самти ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳии муқовимат ба коррупсия, баланд бардоштани дониши ҳуқуқии кормандон ва паст намудани шиддати коррупсия дар марказҳои зертобеи Агентии «Тоҷикстандарт» назорати дохилӣ гузаронида шуда истодааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки нисбати мутахассисони марказҳои зертобеи Агентӣ, ки даст ба содиршавии кирдорҳои коррупсионӣ задаанд чораҳои  мушаххас андешида шуд. Дар рафти таҳлил ҳама паҳлуҳои фаъолияти Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Ваҳдат ва Маркази ташхиси минтақавии шаҳри Истаравшан мавриди омузиш қарор дода шуд. Нисбати кормандоне, ки  ба кирдорҳои коррупсионӣ даст задаанд чораҳои зарурӣ андешида шуд.

Ҳамзамон барои муайян намудани дурусти кор дар самти гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мутахассисони Агентӣ тибқи супориши роҳбарият дар объектҳои назоратӣ рейдҳои муштарак гузаронида шуд. Дар рафти он маълум гашт, ки  дар бозорҳои шаҳру ноҳияҳо, объектҳои назоратӣ талаботи меъёрҳои муқарраргардидаи қонунҳои соҳавии Агентӣ бо пешбурди корҳои фаҳмондадихӣ, риояи дурусти регламентҳои техникӣ, стандартҳои давлатӣ аз тарафи мутахассисони соҳавӣ фаъолияти корӣ ба роҳ монда шуда истодааст. Дар ин робита  бо мақсади  ба тартиб даровардани  ҳуҷҷатгузории соҳаи санҷишӣ ва зери назорати қатъӣ гирифтани маводҳои санҷишӣ варақаҳои санҷишӣ рақамгузорӣ карда шудаанд.

Мутобиқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳои татбиқи «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»  дар  Агентии «Тоҷикстандарт» Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2015-2016 оид ба татбиқи Стратегияи мазкур таҳия гардида, иҷрои сифатнок ва саривақтии он таҳти назорати роҳбарият қарор дода шудааст.

Ҳамзамон дар Агентии «Тоҷикстандарт» «Барномаи соҳавии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2015-2016»  таҳия гардида, мавриди тасдиқ қарор дода шудааст.

Ҷиҳати  бартараф  намудани бархўрди манфиатҳо  ва  дуруст ба роҳ мондани ҷобаҷогузории кадрҳо дар давраи солҳои 2015-2016 дар дастгоҳи марказии Агентии «Тоҷикстандарт»  ва марказҳои зертобеи он 50 нафар аз ҳайати роҳбарикунанда ба мансабҳои баробар ба категорияи хизмати давлатӣ ҷойивазкунӣ (ротатсия) карда шудаанд.

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии мутахассисон, баланд бардоштани масъулиятнокии онҳо, дуруст ба роҳ мондани назорати давлатӣ, истифодаи маводҳои санҷишӣ, татбиқи моддаҳои дахлдори қонунҳои амалкунанда дар Агентии «Тоҷикстандарт» ва марказҳои зертобеи он омўзиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаи соҳавии зиддикоррупсионӣ, Кодекси одоби касбии корманди Агентӣ,  тибқи нақшаи идоравии машѓулиятҳо дар  мўҳлатҳои муқарраргардида  гузаронида мешавад.

Ҳамзамон дар нақшаи мазкур омўзиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” ва  иҷрои саривақтии “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020”  ба роҳ монда шудааст.

Дар Агентии «Тоҷикстандарт» тибқи нақшаи иловагӣ омўзиши «Стратегияи муқовимат  бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2013-2020», Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  экспертизаи  зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷиҳати татбиқи саривақтии Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2013-2020 дар мўҳлатҳои муқарраргардида гузаронида шуд.

Агентии «Тоҷикстандарт» минбаъд ҳам ҷиҳати татбиқи саривақтии «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва аз байн бурдани омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва бовиҷдононаю софдилона иҷро намудани ўҳдадориҳои хизматӣ чораҳои зарурӣ меандешад.

Август 3, 2016 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Сангвор 17 манзили истиқоматӣ супорида шуд
COP29 бо қадамҳои муҳим дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва лоиҳаи нави маблағгузорӣ ба анҷом расид
Мактаб–интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони ноҳияи Ёвон бо гармӣ таъмин мебошанд
«БЕҲТАРИН ҲАМСАР». Дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Чӣ тавр ёварони овозӣ дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ кумак мекунанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Бо сокинони Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ вохӯрӣ баргузор шуд
«ВАРЗИШГАРОН – ПАРЧАМБАРДОРОНИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон ҳамоиши варзишӣ ва барномаи фарҳангӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав тозакунии каналу заҳбур ва заҳкашҳо оғоз шуд
Бунгоҳи тиббӣ ва бинои маъмурии Маркази миллии таълимӣ барои омодасозии наҷотдиҳандагони Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба истифода дода шуд
ТОҶИКОН АЗ ОҒОЗИ ТАЪРИХ МИЛЛАТИ ПАРЧАМДОР БУДАНД. Андешаҳои корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ