Тими маҳаллаи Ниводак ҷоми «Истиқлол»- ро ба даст овард

Август 11, 2016 12:02

Хоруғ, 11.08.2016. /АМИТ«Ховар»/.  Ба муносибати 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар миёни маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишӣ оид ба футбол баргузор гардид, ки дар он 16 тим ширкат доштанд.
Роҳбари Муассисаи давлатии «Кохи ҷавонон»  Сураҷ Чоршанбиев иброз намуд, ки ин бор  тимҳо на аз рӯи маҳалли зисти варзишгарон, балки мутобиқи салоҳияти ҳайати доварон  таъсис дода шудаанд. Шарти асосии  мусобиқа ин буд, ки дар ҳайати  ҳар як тим намояндагони маҳаллаҳои мухталиф ҳузур дошта бошанд. Мухлисон низ дар ин бозӣ дар канори ҳам нишаста, аз тими дилхоҳ пуштибонӣ намуданд.
Ба гуфтаи роҳбари «Кохи ҷавонон» дар гузашта майдони бозӣ ва нишастгоҳҳо ба ду гурӯҳ ҷудо шуда, байни худ ва баъзан бо доварон низ баҳсу мунозира мекарданд.  Ин шакли сабқатро агар дар дигар шаҳру деҳоти кишвар  роҳандозӣ кунанд, аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Зеро ҳангоми баргузории ҳар як чорабинии варзишӣ мо ду ҳадафи асосӣ дорем. Яке бозёфти варзишгари беҳтарин ва дуввум ба ҳам васлу муттаҳид кардани ҷавонон аст. Аз вокуниши хуби ҷавонон нисбат ба шеваи баргузории сабқат дарк намудем, ки ба ҳардуи ҳадафи худ ноил шудем.
Дар бозии ниҳоӣ тими маҳаллаи  Ниводак бар тими маҳаллаи  Корхонаи нон бо ҳисоби 5:0 дастболо шуд ва Ҷоми «Истиқлол»- ро ба даст овард.
Раиси вилоят Шодихон Ҷамшед зимни тақдими ин ҷом аз шеваи кори дастандаркорони сабқат ситоиш кард ва баён дошт, ки барои шомил шудани тими мунтахаби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба лигаи аввали ҷумҳурӣ талош хоҳад кард, зеро ВМКБ ягона минтақаест, ки дар лигаи аввал ва лигаи олӣ дастаи худро надорад.

Август 11, 2016 12:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!