Тоҷикистон тавассути иқдомҳои наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи зиёд пайдо кард

Август 9, 2016 16:51

Душанбе, 09.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Маълум аст,  ки Тоҷикистон тавассути иқдомҳои наҷибонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сатҳи ҷаҳонӣ обрӯю нуфузи зиёд пайдо кард. Имрӯз зимни маросими ифтитоҳи Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор  «Таъмини дастрасии ҳамагонӣ ба об ва беҳдошт» меҳмонон чандин маротиба ин нуқтаро таъкид намуданд»,- гуфт Султон Раҳимзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни иштирок дар Симпозиум.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб барои тоҷикистониён ин ифтихор аст,  ки имрӯз Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мавқеи худро муайян кардааст ва ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро ҳамчун кишвари пешбарандаи равандҳои ҷаҳонӣ эътироф намудааст.
«Пешвои миллати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ, минтақавию миллӣ иқдомҳои зиёд дорад ва талошҳои пайваста мекунад, то ин масъала ҳаллу фасл  гарданд.  Симпозиуми  байналмилалӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз кард,  яке аз иқдомҳоест,  ки талошҳои пайвастаи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистонро боз ҳам тақвият мебахшад. Ташаббуси  Даҳсолаи байналмилалии амалиёти об барои ҳаёт, ки аз соли 2005 то 2010 ҷараён дошт,  натиҷаҳои хуб ба даст овард, вале бо назардошти он чолишҳое, ки имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҳастанд, мо ба  ҳадафи худ пурра комёб нагаштем. Бо  назардошти ин Президенти кишвар  дар Форуми ҳафтуми вобаста ба об иброз намуданд, ки мо бояд он натиҷаҳои ноилгаштаро тақвият  бахшем  ва пешниҳод шуд, ки Даҳсолаи нав зери унвони «Об барои рушди устувор» эълон карда шавад»,-илова намуд Султон Раҳимзода.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ин пешниҳоди Пешвои тоҷиконро қабул намуд ва  ин иқдом боз як қадами иловагӣ дар он талошҳои пайвастаи кишвар дар ҳаллу фасли масъалаҳои об хоҳад гашт.

Август 9, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст