«Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳар яки мо!»-ҳамоиши ҷавонон

Август 16, 2016 17:11

Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 шаҳраки Восеъ аз ҷониби ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти  Хатлон  таҳти унвони «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол-Ватани маҳбуби ҳар яки мо!» ҳамоиши ҷавонон баргузор шуд.
Ҳозирин  оид ба масъалаи муҳими рӯз-пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротгаро изҳори ақида намуда, таъкид намуданд, ки таассуфовар аст, ки баъзе ҷавонони мо аз сабаби дониши паст ва надоштани маърифати сиёсӣ ба ин гурӯҳҳо шомил мешаванд . Бояд мо ҷавонон ҳарчи зудтар пеши роҳи ин ҳодисаҳои номатлубро гирем.
Тасмим гирифта шуд, ки бо ин мақсад корҳои фаҳмондадиҳиро байни ҷавонон тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти онҳо кумакрасон бошем ва нагузорем, ки ҷавонони мо дигар ба сангараҳои ҷангҳои бемаънӣ афтода, ҷони ширини худро аз даст диҳанд.
Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан дар вилояти Хатлон Орзу Ҳамидов  иброз намуд, ки баҳри созандагию ободкорӣ ҷавонон қувваи бузурганд ва метавонанд дар шукуфоии меҳани азизамон саҳмгузор бошанд. Мебояд ҳар як ҷавон баҳри рушду нумуи Ватани маҳбуби хеш сайъю талош варзад.

Август 16, 2016 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад