«Варзиш барои ҷомеаи солим» — мусобиқаи футболи хурд бахшида ба 25-солагии Истиқлолият
Душанбе, 22.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 28 майи соли равон дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намуди футболи хурд байни собиқадорон ва ҷавонони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар таҳти шиори «Варзиш барои ҷомеаи солим» мусобиқаи варзишӣ идома дорад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар бозиҳои футболи байни дастаҳои собиқадорон 8 даста иштирок намуда, он дар се давр баргузор шуд. Ба даври нимниҳоӣ 4 даста баромада, бо ҳам барои ба даст овардани ғолибият рақобат намуданд.
20 август даври ниҳоии мусобиқаи дастаҳои собиқадорон барои ишғоли ҷойи аввал доир гардида, дар он дастаҳои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ бо ҳам бозӣ намуданд.
Рақобату ҳунарнамоӣ ва фаъолии бозингарони дастаҳо ба мухлисон ва ҳаводорони футбол писанд омад. Қувваҳои бозингарони дастаҳо баробар буда, то нимаи дуюми бозӣ ҳисоб 1:1 буд. Танҳо дар дақиқаҳои охири бозӣ бозингарони дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як тӯби дигар зада, бо ҳисоби 2:1 пешсаф гардиданд.
Мусобиқаи байни дастаҳои собиқадорон ҷамъбаст гардида, дар он дастаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мақоми аввал, дастаи «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии ҶТ ҷойи дуюм ва дастаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
Мусобиқаҳо барои дарёфти Ҷоми Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҷавонон идома доранд.








Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд






